Мулоқот бо намояндаи Комиссияи Аврупо

Февраль 12, 2014 13:38

Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо директори Раёсати оид ба умури Осиё, Осиёи Марказӣ ва Минтақаи уқёнуси Ором, директори генералӣ оид ба рушду ҳамкории Комиссияи Аврупо Дирк Меганк мулоқот намуд. Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот самтҳои ҳамкории дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро мавриди муҳоқима қарор дода, перомуни дурнамои рушди ҳамкорӣ дар солҳои 2014 – 2020, ҳамчунин масоили ислоҳоти дохилии давлат дар бахши ҳуқуқҳои инсон ва волоияти қонун, таҳкими амнияти сарҳад, идораи захираҳои об, энергетика ва ҳамкорӣ бо муҳити зист, Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин вазъияти Афғонистон ва минтақа табодули афкор намуданд.

Февраль 12, 2014 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд