Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини якуми ёвари котиби давлатии ИМА
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Ричард Ҳоугленро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи Тоҷикистону Амрико ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва пайомадҳои хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз ин кишвар зоҳир гардид.
Мусоидат ба беҳсозии фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи давлатию хусусии Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва барои татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ, аз ҷумла CASA-1000 низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






