Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа
Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон ва мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.Бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамаи масоили баҳсталаб бо роҳҳои сиёсию дипломатӣ ва бидуни истифода аз нерӯ ҳалли худро меёбанд.Дар робита ба дурнамои авзои Афғонистон таваҷҷуҳи асосӣ ба дастрас намудани кумаки ҳарбӣ-техникии қисме аз кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба нерӯҳои марзбони Тоҷикистон зоҳир гардид.Гуфтугӯйи судбахш, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






