Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия
Душанбе, 7.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия бо Президенти Чехия Милош Земан мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб аз пайвастагӣ ва судбахшии робитаҳои сиёсӣ изҳори хушӣ карда, ҳамзамон ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Чехия ба Тоҷикистон, ки тирамоҳи соли равон бояд ҷараён бигирад, ба рушди бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Милош Земан аз сафарҳои пешини худ ба шаҳри Душанбе гарму самимӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки “бо майли том бори дигар аз ин шаҳри зебо дидан карда, ба густариши робитаҳои судбахш асос мегузорад”.
Тавре зикр гардид, дар доираи ин сафар таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расондани як зумра санадҳои нав дар назар аст. Дар доираи омодагӣ ба ин сафар мулоқотҳои сершумори дигар дар сатҳи вазорату идораҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҳам ба нақша гирифта шудааст.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳамгироии минтақавӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ сурат гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






