Мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон

Февраль 6, 2014 11:24

Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  муовини  Сарвазир  Муродалӣ  Алимардон  ва  ҳайати  Қирғизистон  бо  сарварии ноиби  Сарвазир Токон Мамитов  се  гурӯҳи  корӣ  таъсис  доданд, ки масоили   ҳарбию  сарҳадӣ  ва  муайян  кардани  хати  сарҳадро  баррасӣ  менамоянд. 
 
Назар  ба  хабари  ВКХ  ҶТ,  5  феврал  гурӯҳҳои  корӣ  дар  шаҳри  Исфараи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  баррасии  масоили  ба зиммашон  гузошташуда  шурӯъ  карданд.
 
Роҳбарии гурӯҳи  кории ҷониби Тоҷикистон  оид ба  масоили  ҳарбию  сарҳадиро  ёвари  Президент  оид ба  амнияти  миллӣ  Шералӣ  Хайруллоев,  гурӯҳи  оид ба  масоили  муайян  кардани  хати  сарҳадро  раиси Кумитаи  давлатии  идораи  замин  ва  геодезияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Маҳмадтоҳир  Зокиров,  гурӯҳи  оид ба  масоили истифодаи роҳҳои наздисарҳадиро  Вазири  нақлиёти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Хайрулло  Асоев  ба  ӯҳда  доранд. 
 
Ҷониби  Тоҷикистон изҳори  боварӣ  менамояд, ки  фаъолияти  гурӯҳҳои  кории  ҷонибҳо ба  ҳалли   масъалаҳои   баҳснок  ва  таҳкими   ҳамкории   байнисарҳадии ду  кишвар  дар  фазои  ҳамсоягии  нек  ва  дӯстии  анъанавӣ  мусоидат   хоҳад  кард.
 
 
 
 

Февраль 6, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад