Мулоқоти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон ва ҳайати Қирғизистон бо сарварии ноиби Сарвазир Токон Мамитов се гурӯҳи корӣ таъсис доданд, ки масоили ҳарбию сарҳадӣ ва муайян кардани хати сарҳадро баррасӣ менамоянд.
Назар ба хабари ВКХ ҶТ, 5 феврал гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии масоили ба зиммашон гузошташуда шурӯъ карданд.
Роҳбарии гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили ҳарбию сарҳадиро ёвари Президент оид ба амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, гурӯҳи оид ба масоили муайян кардани хати сарҳадро раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокиров, гурӯҳи оид ба масоили истифодаи роҳҳои наздисарҳадиро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асоев ба ӯҳда доранд.
Ҷониби Тоҷикистон изҳори боварӣ менамояд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо ба ҳалли масъалаҳои баҳснок ва таҳкими ҳамкории байнисарҳадии ду кишвар дар фазои ҳамсоягии нек ва дӯстии анъанавӣ мусоидат хоҳад кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






