Мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Миср

Февраль 21, 2014 15:03

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Назар ба  хабари хадамоти  матбуоти Сафорати  ҶТ  дар  ФР,  чанде  пеш  дар   шаҳри  Маскав  мулоқоти  Сафири Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия  Абдулмаҷид  Достиев  бо  Сафири  Ҷумҳурии Мисри  Араб  дар  ФР  Муҳаммад  Абдулсаттор ал — Бадрӣ  баргузор  гардид. 
 
Дар  ҷараёни  мулоқот  дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодии байни  Тоҷикистону  Миср  мавриди  муҳокима  қарор  гирифта,   перомуни  бархе   масоили   дигари  мубрами  байналмилалию  минтақавӣ, ки   диққати  тарафайнро  ба  худ  ҷалб  мекунанд,  мубодилаи  афкор баргузор  шуд. 
 
 
 

Февраль 21, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш