Мулоқоти сарбозону афсарон бо донишҷӯёни ДДСТ
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 21-умин солгарди Артиши миллӣ дирӯз як гурӯҳ афсарон ва сарбозони Горди миллии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ДДСТ) ба номи Мирзо Турсунзода мулоқот намуданд.
Ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ ва тарбиявии ДДСТ Тағоймурод Назаров дар ин чорабинӣ доир ба васфи ватан ва ифтихори ватандорӣ ҳарф зад. Инчунин намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Азизхӯҷа Азизов, муовини қумондони қисми ҳарбии Горди миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Саттор Раҷабов, сарбозони Горди миллӣ Носир Маҷидов ва Охунҷон Мирбобоев баромад намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ, дӯст доштани марзу бум ҳидоят намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби устодон ва донишҷуёни донишкада барномаи консертӣ дар васфи ватан иҷро гардида, инчунин намудҳои гуногуни варзиш намоиш дода шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






