Мулоқоти сарбозону афсарон бо донишҷӯёни ДДСТ

Февраль 21, 2014 14:11

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).- Бахшида ба 21-умин солгарди Артиши миллӣ дирӯз як гурӯҳ афсарон ва сарбозони Горди миллии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (ДДСТ) ба номи  Мирзо Турсунзода мулоқот намуданд. 
Ноиби ректор оид ба корҳои эҷодӣ ва тарбиявии ДДСТ Тағоймурод Назаров дар ин чорабинӣ доир ба васфи ватан ва ифтихори ватандорӣ ҳарф зад. Инчунин намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Азизхӯҷа Азизов, муовини қумондони қисми ҳарбии Горди миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ Саттор Раҷабов, сарбозони Горди миллӣ Носир Маҷидов ва Охунҷон Мирбобоев баромад намуда, ҷавононро ба ватандӯстӣ,  дӯст доштани марзу бум ҳидоят намуданд. Дар фарҷом аз ҷониби устодон ва донишҷуёни донишкада барномаи консертӣ дар васфи ватан иҷро гардида, инчунин намудҳои гуногуни  варзиш намоиш дода шуд.
 
 
 
 
 

Февраль 21, 2014 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд