Мулоқоти Ш.Саид бо ҳайати вилояти Свердловск
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 24 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо ҳайати вилояти Свердловски Федератсияи Русия баргузор гардид.
Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин мулоқот оғози татбиқи нақшаҳои муайянкардаи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба вусъати ҳамкории тоҷирони ҳар ду кишвар буд.
«Яке аз мақсадҳои мулоқот бо бозори Тоҷикистон шинос кардани ширкатҳои Русия ва омӯхтани имкониятҳои иқтисодии кишвар аст», — гуфт Шариф Саид. Мавсуф ҳамчунин ба меҳмонон дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани имтиёзҳо барои сармоягузорони хориҷӣ нақл кард.
Ҳайати вилояти Свердловск иборат аз роҳбарони ширкату корхонаҳои гуногуни вилоят буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






