Мулоқоти Ш. Саид бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон

Февраль 3, 2014 14:36

    Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих ).  Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид 30 январ дар шаҳри Душанбе Сафири Покистон дар Тоҷикистон Аҳмад Ҳусайн Б.Сайлро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора дар нишасти матбуотии ПСС иттилоъ дода шуд.
 
   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили дуҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ намуданд.Ш.Саид ба меҳмонон дар бораи иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон маълумот дода, рушди робитаҳои тиҷорати берунаи ду кишварро мусбӣ арзёбӣ намуд.
 
  Сафири Покистон ба фаъолияти Палатаи савдои ҶТ баҳои баланд дода, қайд намуд, ки «муносибатҳо миёни кишварҳоямон дар сатҳи баланд қарор доранд. Мо минбаъд барои таҳкими хамкориҳои дуҷониба,махсусан дар соҳаҳои дорусозӣ ва саноати аграрӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоем».

Февраль 3, 2014 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш