Мулоқоти Шариф Саид бо Маҳмад Мунис Дерик

Февраль 13, 2014 11:08

Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).-  12  феврал   раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ   Шариф  Саид  бо Сафири  Туркия  дар  Тоҷикистон Маҳмад  Мунис  Дерик  мулоқот  намуд.
 
Тавре  ки  аз  маркази  матбуоти  ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,   дар  ҷараёни  мулоқот  масоили   рушду  таҳкими ҳамкории  дуҷонибаи  тиҷоратию  иқтисодии  Тоҷикистону  Туркия   мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
 
Ба  гуфтаи  Шариф  Саид,  Палатаи  савдои  Тоҷикистон  бо Иттиҳоди   палатаю  биржаҳои  Туркия  муносибатҳои   мушорикона  дошта,   ҳамчунин   бо Конфедератсияи  соҳибкорону     саноатчиёни  Туркия  ба  таври  фаъол  ҳамкорӣ  менамояд. Имзои   созишномаҳои  палатаҳои  ҳар  ду  кишвар  имконияти  хубе  барои   ҷалби   сармояҳои  Туркия  ба   иқтисодиёти  Тоҷикистон  аст. 
 
Сафири  Туркия   хабар  дод, ки бисёр   сохторҳои  тиҷоратии  Туркия  хоҳони  бо  тоҷирони Тоҷикистон  барқарор  намудани   робитаҳои ҳамкорӣ  доранд. Ба  гуфти  сафир,  кор  дар  ин  самт  барои  рушду  густариши   ҳамкории   соҳибкорони  Туркия  ва  Тоҷикистон  басо  муҳим  аст.
 

Февраль 13, 2014 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш