Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо кордори Ҷумҳурии Исломии Эрон

Февраль 6, 2014 10:45

Душанбе, 06. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов кордори муваққатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садриро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот инчунин мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии ҳамин сафорат Беҳзод Рафеӣ ширкат варзиданд. 
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубодилаи ахбор, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши ғайриқонунии яроқу аслиҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои судманд оид ба мубодилаи таҷриба байни кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва омода намудани мутахассисони ҷавон ибрози назар карданд.
Дар  нишаст зикр гардид, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният дар марҳилаи коркард қарор дошта,  имзои ин лоиҳа минбаъд ҳамкориҳои муштаракро боз ҳам тақвият мебахшад.
 
 

Февраль 6, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад