Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо кордори Ҷумҳурии Исломии Эрон
Душанбе, 06. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов кордори муваққатии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидмаҳмуди Садриро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот инчунин мушовири Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Саидмуҳсин Рашид-ул-Исломӣ ва вобастаи низомии ҳамин сафорат Беҳзод Рафеӣ ширкат варзиданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубодилаи ахбор, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва хариду фурӯши ғайриқонунии яроқу аслиҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкориҳои судманд оид ба мубодилаи таҷриба байни кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва омода намудани мутахассисони ҷавон ибрози назар карданд.
Дар нишаст зикр гардид, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният дар марҳилаи коркард қарор дошта, имзои ин лоиҳа минбаъд ҳамкориҳои муштаракро боз ҳам тақвият мебахшад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






