Мусобиқаи лижаронии кўҳӣ дар «Сафедорак»

Февраль 12, 2014 11:56

 
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Рӯзҳои 15-ум  16-уми феврали соли равон дар муассисаи «Сафедорак»и  ноҳияи Варзоб мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кўҳӣ доир мегардад.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мусобиқаи мазкур бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ буда, дар он варзишгарони соли таваллуди 1994 -2004 иштирок хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки ғолибон бо диплому медалҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд.
 
 
 

Февраль 12, 2014 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш