Мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи варзиши таэквондо

Февраль 18, 2014 10:53

Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Аз  18  то  24  августи  соли  равон  дар  пойтахти   Тоҷикистон  шаҳри  Душанбе  мусобиқоти  ҷаҳон  аз  рӯи  таэквондо  байни   наврасон   баргузор  мегардад.  Дар  робита бо  ин,  барои   роҳандозии  мусобиқот таҳти роҳбарии  муовини  Сарвазири  Тоҷикистон  Марҳабо  Ҷабборӣ  Кумитаи  тадорукот  таъсис  ёфтааст, ки  ба  он  шахсони  масъули  вазорату  идораҳои  Тоҷикистон  шомиланд.
 
Қобили  зикр  аст, ки   дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  дар  мусобиқоти  охирини  ХУШ  ҷаҳон оид ба  таэквондо  2 медали  биринҷӣ ва  9  медали  нуқра ба  даст  оварда буд.   Дар ин  мусобиқот  беш  аз  450  нафар  варзишгарони  60  кишвар   иштирок доштанд.
 

Февраль 18, 2014 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад