Мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи варзиши таэквондо
Душанбе, 18.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- Аз 18 то 24 августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи таэквондо байни наврасон баргузор мегардад. Дар робита бо ин, барои роҳандозии мусобиқот таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ Кумитаи тадорукот таъсис ёфтааст, ки ба он шахсони масъули вазорату идораҳои Тоҷикистон шомиланд.
Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти охирини ХУШ ҷаҳон оид ба таэквондо 2 медали биринҷӣ ва 9 медали нуқра ба даст оварда буд. Дар ин мусобиқот беш аз 450 нафар варзишгарони 60 кишвар иштирок доштанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






