Мусодираи ҳаҷми калони маводи мухаддир

Февраль 4, 2014 09:39

Душанбе,  4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллӣ рӯзи 31-уми январи соли равон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назди истгоҳи мошинҳои КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода ронандаи мошини боркаш Мирмастов Иброҳим Додихудоевич, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Хоруғи ВМКБ, маълумоташ миёна, соҳиби 4 фарзандро боздошт намуданд.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии мошин, аз зери рафи ҷойи хоби ронанда 3 адад бастаи полиэтилинӣ бо 14 донагӣ бастаҳои хурд, дар маҷмӯъ бо 42 адад бастаи дорои  40 килограмму 950 грамм маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира гардид.
Пурсиши боздоштшуда Иброҳим Мирмастов нишон дод, ки номбурда ин миқдор маводи нашъаоварро дар ҳудуди бозори «Тем»-и шаҳри Хоруғ, тибқи маслиҳати пешакӣ аз Валид ном шаҳрванди Афғонистон дастрас намудааст. Бо кумаки охирин, онҳо бастаҳои маводи мухаддирро дар ноҳияи Ишкошим бо мақсади интиқол додан ба шаҳри Турсунзода, дар дохили кабинаи мошини боркаши Мирмастов Иброҳим ҷобаҷо кардаанд. 
Дар айни замон нисбат ба боздоштшуда Мирмастов Иброҳим Додихудоевич бо дастрасии моддаи 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешафкӣ давом дорад.

Февраль 4, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад