Мусодираи ҳаҷми калони маводи мухаддир
Душанбе, 4.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллӣ рӯзи 31-уми январи соли равон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар назди истгоҳи мошинҳои КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода ронандаи мошини боркаш Мирмастов Иброҳим Додихудоевич, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Хоруғи ВМКБ, маълумоташ миёна, соҳиби 4 фарзандро боздошт намуданд.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии мошин, аз зери рафи ҷойи хоби ронанда 3 адад бастаи полиэтилинӣ бо 14 донагӣ бастаҳои хурд, дар маҷмӯъ бо 42 адад бастаи дорои 40 килограмму 950 грамм маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира гардид.
Пурсиши боздоштшуда Иброҳим Мирмастов нишон дод, ки номбурда ин миқдор маводи нашъаоварро дар ҳудуди бозори «Тем»-и шаҳри Хоруғ, тибқи маслиҳати пешакӣ аз Валид ном шаҳрванди Афғонистон дастрас намудааст. Бо кумаки охирин, онҳо бастаҳои маводи мухаддирро дар ноҳияи Ишкошим бо мақсади интиқол додан ба шаҳри Турсунзода, дар дохили кабинаи мошини боркаши Мирмастов Иброҳим ҷобаҷо кардаанд.
Дар айни замон нисбат ба боздоштшуда Мирмастов Иброҳим Додихудоевич бо дастрасии моддаи 200 қисми 4-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешафкӣ давом дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






