Мусодираи 267 кг маводи мухаддир аз 15 шаҳрванди ҶИА
Душанбе, 15.02.2014. (АМИТ «Ховар, Лутфия Эшонзода).- Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТдар ноҳияи Рӯшон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Хайриддин Валади Шералихон, соли таваллудаш 1992, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 550 грамм маводи нашъадори афюн ва 3,5 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бинобар иттилои вазорати мазкур, дар соли сипаригашта дар Тоҷикистон 15 нафар шаҳрванди Афғонистон дастгир шуд, ки аз онҳо 267 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






