Мусодираи 267 кг маводи мухаддир аз 15 шаҳрванди ҶИА

Февраль 15, 2014 10:31

Душанбе, 15.02.2014. (АМИТ «Ховар, Лутфия Эшонзода).- Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии  ҶТдар ноҳияи Рӯшон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Хайриддин Валади Шералихон, соли таваллудаш 1992, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 550 грамм маводи нашъадори афюн ва 3,5 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.    
Бинобар иттилои вазорати мазкур, дар соли сипаригашта дар Тоҷикистон 15 нафар шаҳрванди Афғонистон дастгир шуд, ки аз онҳо 267 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид.
 
 
 

Февраль 15, 2014 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш