Мусодираи маводи нашъадор ба миқдори махсусан калон
Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор Раҷабалӣ Насриддинов, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Шӯрообод ва Лутфулло Сафаров, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дастгир шуданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 2 борхалта, ки дар дохилаш 18 кг 930 грамм маводи нашъадори афюн буд, дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони ҳамин раёсат шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҳмад Бисмиллоҳи Нурӣ, соли таваллудаш 1982, муваққатан сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 7 килою 550 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид.
Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар наклиёт ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо истифода аз сагҳои хизматӣ дар корхонаи таъмири вагонҳои мусофирбари истгохи роҳи оҳани Роҳатӣ дар вақти азназаргузаронии вагони №6, хатсайри Душанбе-Маскав таҳти роҳбаладии Ҷамшед Раҷабов, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Восеъ ва Албина Нурова, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Вахш 1 кг 272 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Ба иттилои манбаъ, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шӯрообод дар мавзеи Офтобзамини ҷамоати деҳоти Ёл, аз махфигоҳи қочоқчиён 4 халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 101 кг 400 грамм маводи нашъадори бангдона, 1 адад силоҳи тамғаи ИЖ-58, 1 адад тирдони АКМ ва 6 дона тир буд, дарёфт ва мусодира намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






