Музоядаи аломатҳои қайди давлатӣ
Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (БДА ВКД) ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки 15 феврали соли равон аломатҳои қайди давлатии силсилаи ВМ минтақаи 01 ба таври музояда ба фурӯш монда мешаванд. Дар музояда, аз ҷумла аломатҳои қайдии 0011, 0012, 0110, 0303, 1515, 2525, 9999 ва ғайра фурӯхта мешаванд. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар музояда, ки дар толори Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 09:00 гузаронида мешавад, иштирок намоянд. Нархи як лот 381 сомонӣ муайян гардидааст.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






