Нақши Ш. Шоҳтемур дар таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон

Февраль 10, 2014 15:00

              Хоруғ, 10.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Таҳти  унвони “Шириншоҳ Шоҳтемур ва таърихи эҳёи давлатдории тоҷикон”  нашриёти «Дониш»-и  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи рӯзноманигор ва муҳаққиқи таърих, узви Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоевро аз чоп баровард. Асар  ба забони русӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст. Он дар ҳаҷми 17 ҷузъи чопӣ ва бо теъдоди 500 нусха нашр гардидааст. Китоб ба муносибати 115- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки соли 2014 ҷашн гирифта мешавад, таҳия ва мунташир гаштааст. 
       Асари мазкур рисолаи илмӣ буда, ба омӯзиши илмии ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсии шӯравӣ Шириншоҳ Шоҳтемур  бахшида шудааст. Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи он фарзандони диловари тоҷик аст, ки тамоми нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии худро ба бунёд ва таҳкими  давлати миллии тоҷикон бахшида буд. 
Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи фарзандони содиқи ватан буд, ки ҳамеша барои ободию рушди бемайлони он фикр мекард. ҳарчанд дар тӯли фаъолияти хеш мавсуф дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ ва давлатӣ кор мекард, вале ҳеҷ гоҳ аз таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фосила намегирифт. 
      Ин саввумин китоби журналист ва нависандаву муҳаққиқ Қурбон Аламшоев  дар бораи ин ходими намоёни сиёсӣ ва давлатии тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Барои китоби нахустин “Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам” муаллиф  гирандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии рӯзноманигорон ба номи  Лоҳутӣ (с.2001) шуда буд. Пажӯҳиши дигари ӯ “Шоҳтемур- номуси миллат” низ дар байни дӯстдорони таърих ва фарҳанги тоҷик баҳои баланд гирифт.  

Февраль 10, 2014 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд