Нахустозмуни адабии маҷаллаи «Помир»

Февраль 26, 2014 11:43

Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Анна  Мошенко).- Ҳайати маҷаллаи  адабию  бадеӣ ва  ҷамъиятию  сиёсии Иттифоқи  нависандагони  Тоҷикистон «Помир» аз  1  март  то 1 апрели  соли  ҷорӣ  озмуни  адабии «Ҳамаи  мо  фарзандони  туем,  Осиё» — ро доир  менамояд.
 
Назар ба  хабари  котиби  масъули  маҷаллаи «Помир»  Аниса Собирӣ, мақсад  аз  роҳандозии  озмун  гирд  овардани  муаллифони   русзабон  ва  доир  намудани  семинару  маҳфилҳои адабӣ  мебошад. «Яке  аз  вазифаҳои  асосии  озмун  дарёфти   шоирону   нависандагони  боистеъдоди  русзабон  ва  рушди  адабиёти   русзабонҳо мебошад»,  —  қайд  намуд  Аниса  Собирӣ.
 
Ба  озмун  асарҳои бахши  назму  наср,  публисистика  ва   драматургия  қабул  карда, офаридаҳои  ғолибони он дар шумораи  алоҳидаи  маҷалла  чоп  карда  мешаванд. 

Февраль 26, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш