Намаки аълосифати Тоҷикистон дар «Продэкспо-2014»
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар Маскав намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти озуқаворӣ таҳти унвони «Продэкспо-2014» оғоз ёфта, дар ин чорабинии бонуфуз аз кишвари мо ҶСШК «Хоҷамӯъмин» иштирок намуд.Бояд зикр кард, ки намоишгоҳи байналмиллалии маҳсулоти озуқавории «Продэкспо-2014» яке аз чорабиниҳои бонуфузи соҳавии минтақа ба шумор рафта, сол то сол доираи иштирокдоронаш фарохтар мегардад. Дар ин намоиши маҳсулоти озуқаворӣ бештар аз 2300 корхона аз 63 давлати ҷаҳон намунаҳои маҳсулоти хешро ба маъраз гузоштанд. Чун як талаби чорабинӣ дар баробари сифати хуб, ҷиҳати экологии маҳсулот ба шумор меравад, дар намоиш беҳтарин намунаҳои намаки аълосифати ҶСШК «Хоҷамӯъмин» гузошта шуд. — Мо дар чунин намоишгоҳ бори нахуст ширкат меварзем. Барои муаррифӣ бештар аз 10 намунаи маҳсулоти хешро пешниҳод кардаем. Бо маҳсулоти аълосифат имрӯз бозори дохилиамонро пурра таъмин менамоем, мақсади ширкати мо дар намоишгоҳ шарикони хориҷӣ пайдо карда, ба берун содир кардан аст, — мегӯяд директори генералии ҶСШК «Хоҷамӯъмин» Маҳмуд Файзов.Намоишгоҳ то 14 феврал идома меёбад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Иброҳим Аҳмадов хабар дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






