Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон — 2014»

Февраль 4, 2014 11:57

Душанбе, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Аз 4   то  8  март  дар  шаҳри  Душанбе   Намоишгоҳ —  ярмаркаи  16 – уми  байналмилалии тӯҳфаю  сайёҳии «Тоҷикистон – 2014»  доир  мегардад.  Ин  чорабинӣ  аз рӯи  натиҷаи   гуфтушуниди раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  Шариф  Саид бо  роҳбари  ширкати  байналмилалии «Роҳи  рушди  Осиё»  Муҳаммад  Имронӣ   роҳандозӣ  мешавад.  Дар  ин  бора  аз  маркази  матбуоти  ПСС ҶТ  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар доданд.
 
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  намоишгоҳ ба  ифтихори  Рӯзи  модар  рӯи  кор оварда  мешавад. Раиси  ПСС ҶТ  ҳамчунин  изҳори  умедворӣ  намуд, ки  ташкили   намоишҳо ба ҷалби   сармояҳои  хорриҷӣ ба  Тоҷикистон,  бастани  қарордодҳои   судманд  ва   рушди  соҳибкорӣ  мусоидат  хоҳад  кард. 
 
 

Февраль 4, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад