Нашри «Анъанаю идомат дар фарҳанги тоҷик»
Душанбе, 22.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Анъанаю идомат дар фарҳанги тоҷик», таҳти чунин унвон нашриёти «Контраст»-и Душанбе маҷмӯаеро ба тозагӣ аз чоп баровард, ки мураттибони он донишмандони тоҷик Аскаралӣ Раҷабов ва Муҳаммадраҳим Каримзода мебошанд. Китоби мазкур ба ифтихори 21-умин солгарди Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон бо забонҳои русию англисӣ мунташир гардидааст.
Мураттибон сайъ намудаанд, ки дар китоб беҳтарин мақолаҳои олимону донишмандони барҷастаро, ки марбут ба ҳамоҳангии анъаноти гузашта ва муосири мардуми тоҷик аст, гирдоварӣ намоянд. Дар маҷмӯа мақолаҳо доир ба проблемаҳои асосии таърих ва назарияи меъморӣ, санъати тасвирӣ, мусиқӣ ва дигар жанрҳои эҷодиёти бадеӣ мунташир гардидаанд.
Ҳамзахон Камолов, доктори илмҳои таърих ва донишманд Солия Мамадҷонова мунаққидони маҷмӯа мебошанд. Китоб бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии кишвар, Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии ба номи Рӯдакӣ ва Маркази байналмилалии мусиқӣ ва фарҳанги мардумони Шарқ «Борбад» нашр гардидааст.
Маҷмӯа барои доираи васеи хонадагон, хусусан ба мутахассисоне, ки дар самти намудҳои анъанавии санъати тоҷикон пажӯҳиш мебаранд, тавсия шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






