Нашри дастури таълимӣ барои журналистон

Февраль 11, 2014 10:16

Душанбе, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Нашриёти «Озар» китоби доктори илмҳои филология, профессор Ҷовид Муқим «Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он»-ро бо ҳаҷми 10 ҷузъи чопӣ ва теъдоди 300 нусха аз чоп баровард. Мусоҳиба ҳамчун жанри алоҳидаи матбуот солҳои 80-уми асри XIX дар ИМА ба вуҷуд омада, дар аввали садаи ХХ ба матбуоти Аврупо кӯчидааст. Қаблан мусоҳиба ҳамчун усули гирифтани иттилоъ маъмул буд ва ҳамон вақт баъзан аз суханони мусоҳибон дар рӯзномаҳо иқтибос мекарданд. Ҳоло мусоҳиба аз маъмултарин жанри ВАО маҳсуб мешавад. Мусоҳиба бо тақозои замон аввал дар матбуот ташаккул ёфта, сипас бо пайдоиши воситаҳои ахбори электронӣ ба радио ва телевизион гузаштааст. Дар дастури таълимӣ техникаи ташкили мусоҳиба, намудҳои гуногуни жанри мусоҳиба дар ВАО бо мисолҳои мушаххас баррасӣ гардидааст. Ҳамчунин аз дастур метавон оид ба ҳуқуқи журналист барои дастрасӣ ба иттилоъ маълумот дарёфт. Китоби мазкур барои донишҷӯёни шуъбаву факултаҳои журналистика ва журналистони ҷавон пешбинӣ шудааст.

Февраль 11, 2014 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш