Насли наврас -нерӯи ояндасози миллат

Февраль 17, 2014 08:44

 
Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба муносибати 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 08010 вохӯрӣ доир гардид, ки дар он толибилмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Рӯдакӣ иштирок доштанд. Мақсади вохӯрӣ аз ошноии  толибилмон бо  шароитҳои маишию хизматии сарбозон ва ҷараёни тартибу таълими хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва бо ин роҳ бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар дили онҳо иборат буд.
Масъулини қисми низомии мазкур иштирокчиёни чорабиниро бо тамоми шароити хизматии сарбозон шинос карданд. Ҳамасола, миёни макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мақомоти қудратии мамлакат чорабиниҳои муштарак ба роҳ монда шуда, хонандагони то синни даъватӣ аз ҷараёни таълиму тарбия, мавзеъҳои хизматии сарбозон, аз нуқтаҳои назоратии техникӣ, истгоҳи мошинҳои ҷангӣ, намудҳои гуногуни техника ва фаъолияти якрӯзаи сарбозону афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ, дар маҷмӯъ огаҳӣ пайдо менамоянд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе низ ҳамин гуна вохӯрӣ бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ донишҷӯёни литсею коллеҷҳо, ҷавонони то синни даъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии макотиби таълимии ҳудуди ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъулин оид ба пешгирии сатҳи нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим сухан гуфтанд.
 
 
 
 
 

Февраль 17, 2014 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад