Насли наврас -нерӯи ояндасози миллат
Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба муносибати 21-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 08010 вохӯрӣ доир гардид, ки дар он толибилмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Рӯдакӣ иштирок доштанд. Мақсади вохӯрӣ аз ошноии толибилмон бо шароитҳои маишию хизматии сарбозон ва ҷараёни тартибу таълими хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва бо ин роҳ бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар дили онҳо иборат буд.
Масъулини қисми низомии мазкур иштирокчиёни чорабиниро бо тамоми шароити хизматии сарбозон шинос карданд. Ҳамасола, миёни макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мақомоти қудратии мамлакат чорабиниҳои муштарак ба роҳ монда шуда, хонандагони то синни даъватӣ аз ҷараёни таълиму тарбия, мавзеъҳои хизматии сарбозон, аз нуқтаҳои назоратии техникӣ, истгоҳи мошинҳои ҷангӣ, намудҳои гуногуни техника ва фаъолияти якрӯзаи сарбозону афсарон дар қисмҳои ҳарбӣ, дар маҷмӯъ огаҳӣ пайдо менамоянд.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе низ ҳамин гуна вохӯрӣ бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гурӯҳ донишҷӯёни литсею коллеҷҳо, ҷавонони то синни даъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии макотиби таълимии ҳудуди ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъулин оид ба пешгирии сатҳи нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим сухан гуфтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






