Наврӯз ҳадяи ҷаҳонист

Февраль 5, 2014 11:22

Душанбе, 05.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Наврӯз таърихи зиёда аз 4 ҳазорсола дошта, бузургтарин рӯз барои ҷашнгирандагони он ба ҳисоб меравад. Наврӯз амри таърихиест, ки куҳан будани худро тасдиқ намудааст. Наврӯз муколамаи байни инсону табиат ва замину осмон аст. Он қудрати ба ҳам овардани инсонҳоро дорад. Ин ҷашнест, ки моро бо гузаштаи дур пайваст намуда, ба ояндаи дурахшон омода мекунад.Наврӯз ҳадяи ҷаҳонист, ки ҳамаро ба шодӣ ва мушорикат даъват мекунад. Миқёсҳоро ба ҳам оварда, муҷиби оромӣ ва сулҳ аст. Зидди ҷангу ҷудоӣ буда, ташвиқи дӯстӣ ва сулҳро дорад! Он ба ягон дин, мазҳаб, халқияту миллат тааллуқ надошта, мардумони сайёраро ба ҳам меорад. Дар ин росто санаи 25-27 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон дар Маркази мероси фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 10 давлати ҷашнгирандаи иди Наврӯз ( Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Покистону Ҳиндустон) доир гардид. Мақсади ҷаласа аз пешниҳоди номгӯйи ҷадиди Наврӯз ҷиҳати ҳамроҳшавии давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Афғонистон ба рӯйхати давлатҳои ҷашнгиранда ва ташаббускори ҷашни Наврӯз иборат буд. Воридшавии номгӯйи мазкур дар нимаи соли 2014 дар назар аст. Дар ин бора котиби масъули ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Шаҳло Абдураҳимова хабар дод.

Февраль 5, 2014 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад