НБО «Сангтӯда -1» расман мавриди истифода қарор гирифт

Февраль 28, 2014 13:10

Душанбе, 28.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 27  феврал  дар  шаҳри  Душанбе  санади Комиссияи  давлатии  қабул   дар  бораи  расман   мавриди  истифода  қарор  гирифтани  НБО «Сангтӯда -1»  бо  иқтидори  670  мегаватт  имзо  гардид.
 
Тавре  ки   аз хадамоти  матбуоти ҶСК  НБО «Сангтӯда -1»  хабар  доданд,  санадро  ҳамраисони  Комиссия  аз  ҷониби  Русия  раиси  Раёсати  ҶСК «Интер РАО» Борис  Ковалчук  ва  аз  ҷониби  Тоҷикистон  Вазири  энергетика  ва  захираҳои оби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Усмоналӣ  Усмонов  имзо  намуданд.
 
Комиссияи  давлатӣ  иборат  аз  намояндагони  фармоишгар — ҶСК НБО «Сангтӯда -1»  ташкилотҳои   лоиҳакашӣ,  сохтмонӣ ва васлгарӣ,  мақомоти ҳокимияти  давлатӣ,  санитарӣ,  ҳифзи  табиат  ва  ғайра  ба  хулоса  омаданд, ки   иншоотҳо  мутобиқи   лоиҳа  бунёд  гардида,   ҷавобгӯи меъёру  қоидаҳои   санитарию  эпидемиологӣ,  геологӣ,  сохтмонӣ  ва  стандартҳои давлатӣ  мебошанд.
 
«Сохтмони  НБО «Сангтӯда -1»   мисоли равшани  ҳамкории  судманди  байни  Федератсияи  Русия Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аст. Бап  туфайли  ҳамфикрию  мушорикати ҳамаи   иштирокдорони  лоиҳа  сохтмони   иншоот  муваффақона  анҷом  ёфта ва   расман  мавриди  истифода  қарор  гирифт. 
 
Энергетика   соҳаи  асосии   иқтисодиёт ба  шумор  рафта,  татбиқи   лоиҳаю   барномаҳои  ҳаҷман  калони  иҷтимоию  иқтисодӣ  ва   рушди  муваффақонаи  кишвар  бидуни он  имконнопазираст.  Мутмаинам, ки НБО «Сангтӯда -1»  минбаъд  ҳам  ниҳоди  муҳими  системаи  энергетикии  Тоҷикистон  гардида, шароити таъмини  муттасили  неруи барқро  фароҳам меорад», —  гуфт  раиси  раёсати  ҶСК «Иентер РАО»  Борис  Ковалчук.
 
«НБО «Сангтӯда -1»  аз  соли  2008  инҷониб  неруи  барқро  ба  системаи  энергетикии  Чумҳурии  Тоҷикистон  ворид  намуда,   қариб  15  фоизи тавлиди   неруи  барқи  кишварро  таъмин  мекунад. Барқи  НБО «Сангтӯда -1»   на фақат   захираи  ҷиддии  рушди  саноат  ва  кишоварзӣ  ба  шумор  меравад,  балки,  дар навбати  аввал  маъвои  мардуми  Тоҷикистонро  бо  гармию  нури  худ  таъмин  месозад.
 
Расман  мавриди  истифода қарор  гирифтани  НБО «Сангтӯда -1»  воқеаи  муҳим ва боз як қадами  наве  дар  роҳи  таъмини  истиқлолияти  энергетикии  Тоҷикистон  аст», —  гуфт  Вазири  энергетика  ва  захираҳои  оби  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Усмоналӣ  Усмонов.
 
 

Февраль 28, 2014 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!