Нобиноро кӣ ба талбандагӣ маҷбур кард ?

Февраль 6, 2014 11:10

Душанбе, 06. 02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҶТ сокини кӯчаи Глинкои пойтахт, Қурбонгул Шарифоваи 38-сола ҳамчун гумонбар дар ҷалби одамон барои истисмор дастгир гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, Қурбонгул Шарифова аз соли 2002 то моҳи декабри соли 2013 бо мақсади истифода бурдан дар меҳнати маҷбурӣ шаҳрванд Мирзомурод Гулови 40 -сола, маъюби гурӯҳи 1-умро ҳамчун иҷоранишин дар хонааш ҷой дода, сипас аз ӯ шиноснома ва дафтарчаи нафақахӯриашро гирифта, ӯро ба талбандагӣ маҷбур намудааст.Қ. Шарифова аз нобино будани М. Гулов истифода намуда, ҳар рӯз ӯро ба ҷойҳои серодами шаҳр оварда мегузошт, то ба талбандагӣ машғул шавад. То имрӯз зиёда аз 163 ҳазор сомониро маҷбуран аз ӯ гирифта, ваъда додааст, ки ин маблағҳоро ҷамъ намуда, ба ӯ хонаи истиқоматӣ харида медиҳад, аммо маблағҳоро барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст. Дар айни ҳол М. Гулов дар беморхона табобат гирифта истодааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Февраль 6, 2014 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!