Нобудсозии миқдори калони маҳсулоти ғайристандартӣ
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар, татбиқи қонунҳои амалкунандаи ҶТ “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дар ин замина ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” аз аввали соли 2014 то ин дам дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак миқдори хеле калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор намуданд. Аз маркази матбуоти “Тоҷикстандарт” ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки дар ин давра зимни гузаронидани санҷиш дар анборхонаи ҶДММ “Умед-2011” ба миқдори 61 тонна қимаи гўшти мурғи аз Чин воридшуда ошкор гардид. Дар натиҷаи гузаронидани ташхис маълум гардид, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгў набуда, муҳлати истеъмолаш гузаштааст. Тибқи хулосаи комиссияе, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ташкил шудааст, як қисми маҳсулот ба Хадамоти кинологии ВКД, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар муассисаҳои хоҷагидор ба сифати хўроки ҳайвонот пешниҳод гардида, қисми дигараш нобуд карда шуд. Инчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар раванди корҳои санҷишӣ 570 кг маҳсулоти қаннодӣ ва 3 000 кг майонезе, ки ба соҳибкор Ҳикматулло Тӯраев мансуб буд, бо сабаби гузаштани муҳлати истеъмолаш бо хулосаи комиссия қисме аз он ба боғи ҳайвоноти Душанбе фиристода шуда, қисми дигараш нобуд гардид.Дар анборхонаи ҶДММ “Осмони соф” низ миқдори зиёди маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолаш гузашта, аз ҷумла 800 кг равғани растанӣ, 170 кг хӯроки атфол, 60 кг маҳсулоти қаннодӣ, 180 кг маҳсулоти макаронӣ, ки миқдори умумиаш 1193 кг-ро ташкил медиҳад, ошкор ва аз муомилот гирифта шуд.Маврид ба ёдоварист, ки дар давоми соли 2013 дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони “Тоҷикстандарт” дар 170 ҳолат маҳсулоти гуногуни хўроквории муҳлаташ гузашта ва ғайристандартӣ ба миқдори зиёда аз 1 ҳазору 140 тонна ошкор ва аз муомилот гирифта шуд.Агентии “Тоҷикстандарт” аз харидорон ва истеъмолкунандагон хоҳиш мекунад, ки дар вақти харидории маҳсулоти ғизоӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум ба санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмоли онҳо эътибор дода, дар ҳолати зарурӣ аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд. Дар ҳолати ошкор намудани маҳсулоти пастсифат, муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификат Шумо метавонед ба “Тоҷикстандарт” тавассути телефонҳои боварии 233-68-69, 234-19-33 муроҷиат намоед.








Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд






