Оғози иҷлосияи 9-уми КИП дар Теҳрон
Душанбе, 18.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз дар Теҳрон -пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон иҷлосияи 9-уми конфронси Иттиҳоди парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ /СКИ/ОИК/ оғоз ёфт. Дар иҷлосияи мазкур дар радифи роҳбарону намояндагони баландпояи парлумонҳои кишварҳои ин созмони бонуфуз, ҳамзамон ҳайати парлумонии Чумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иштирок дорад.
Интизор меравад, ки дар иҷлосия масъалаҳои мубрами марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои парлумонӣ дар доираи ин созмони мӯътабар ва соири масоили таваҷҷуҳи намояндагони парлумонҳои кишварҳои СКИ мавриди баррасӣ қарор гирад. Маърузаи Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи мазкур дар назар аст,-гуфт Муҳаммадато Султонов-котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони мамлакат.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






