Оғози мусобиқоти наврӯзӣ

Февраль 25, 2014 09:46

Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз аз 4 то 6-уми марти соли 2014 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар толори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар байни занон ва мардон мусобиқа оид ба шашка ва шоҳмот баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, вазорату кумитаҳо ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд иштирок намоянд.
Бояд гуфт, ки ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал, диплом, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
 

Февраль 25, 2014 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад