Оғози шанбегиҳои наврўзӣ
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани ҷашни байналмиллалии Наврӯз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони вазорат корҳои ободонию кабудизоркуниро анҷом медиҳад.
Тавре ки аз дафтари матбуоти вазорат хабар доданд, Кумитаи иттифоқи касабаи Вазорати кишоварзӣ тасмим гирифтааст, ки 1 марти соли ҷорӣ баҳри тозаю озода нигоҳ доштани атрофи бинои вазорат шанбегӣ доир намояд. Тибқи маълумотҳои пешакӣ дар ин шанбегӣ беш аз 60 нафар корманди вазорат дар тозаю озода намудани утоқҳои корӣ, кабудизоркунии атрофи бинои вазорат иштирок менамояд.
Гуфта мешавад, ки чунин шанбегиҳо бахшида ба ҷашни Наврӯз дар зерсохторҳои вазорат низ доир мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






