Ободкориҳо дар Шаҳринав
Шаҳринав, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Ҳам ба фаъолият шуруъ кардани радиои маҳаллӣ дар мавҷи 101,9 FM ва ҳам насби 24 баландгӯяк дар маркази шаҳраку деҳот дар соли гузашта падидаи наве буд дар фазои иттилоотии диёр, -иброз дошт раиси ноҳияи Шаҳринав Исматулло Зайдов зимни нишасти хабарӣ.Тибқи иттилои раиси ноҳия бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бо маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ бахши ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда, ба маблағи 63 ҳазор доллари амрикоӣ бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин шуд. Ҳамзамон бо дастгирии мақомоти иҷроия шуъбаи амрози дарунӣ пурра аз таъмир бароварда, бо таҷҳизоти лозимӣ ҷиҳозонида шуд. Умуман, ба соҳаи тандурустӣ дар соли 2013 аз буҷети маҳаллӣ ба таври илова 955 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи ташкилотҳои хориҷӣ зиёда аз 161 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардид. Дар ин соҳа дар айни ҳол 19 барномаи давлатӣ мавриди амал қарор дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






