Огоҳии кормандони КҲМЗ аз ҳолатҳои коррупсионӣ
Душанбе, 22.02.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). -20 феврал намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти (КҲМЗ) назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом доданд.
Дар ин мулоқот раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хайрулло Ибодзода зикр кард, ки мубориза бар зидди коррупсия аз баромадҳои расмию супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи Ҳукумати мамлакат оид ба мубориза бо коррупсия сарчашма гирифта, дар фаъолияти тамоми мақомот давом меёбад.
Дар ин дидор миёни иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифта, баъзе паҳлўҳои қонунгузорӣ, таҳияи қонунҳо ва санадҳои меёрию хуқуқӣ, гузаронидани тафтишу рейдҳо, холатҳои бастани ҷарима бо хуқуқвайронкунандагон, хуқуқҳои тартиб додани протокол ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони хуқуқию инфиродӣ ва дигар масоили марбут ба соҳа муҳокима гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






