Омӯзиши тренерон барои бунёди афзори мобилӣ

Февраль 3, 2014 13:32

Душанбе, 3.02.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази Субҳи Дониш» дар ҳамкорӣ бо “Маҳитӣ Инфотек”-и Ҳиндустон ва бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 26 то 6 феврали соли 2014 курсҳои омӯзиширо барои омода намудани тренерон оид ба технологияҳои кушодаасос ба роҳ мондааст.
      Коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ яке аз роҳҳои боэътимоди татбиқи технологияҳои мобилиро барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар тарбияи барномасозони маҳаллӣ ва рушди тавонмандии касбии онҳо мебинанд. Курси омӯзишӣ аз ду бахш иборат мебошад. Ҳар як бахш муддати ду ҳафта ба шунавандагон нозукиҳои барномасозиро меомӯзад. Агар бахши аввал ба бартариҳои рӯйкардҳои нави барномасозӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунад, бахши дуюм ба тарҳрезии барномаҳо, архитектураи онҳо ва таҳияву татбиқи онҳо барои ҳалли масъалаҳои ватанӣ  равона мегардад.

Февраль 3, 2014 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш