Омӯзонидани қолинбофӣ ба занони тоҷик
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд бо гурӯҳи занон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои омӯзонидани ҳунари қолинбофӣ ба вилояти Суғд даъват шудаанд, мулоқот намуд.
Бояд гуфт, ки дар ҳайати гурӯҳ се нафар зан- Эзадӣ Илоҳа Абдулсамад, Ранҷбар Аъзам ва Наврӯзӣ Марзия Ҳайдар шомил буда, онҳо мутахассиони варзидаи соҳаи қолинбофӣ дар устони Форс мебошанд. Занони қолинбофи эронӣ таъкид намуданд, ки барои омӯзонидани нозукиҳои ҳунари қолинбофӣ ба занони тоҷик омодаанд ва дар ин росто аз даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хушҳол ҳастанд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, тасмим шуд, ки занони эронӣ дар муддати як сол дар се давра ба 120 нафар зани тоҷик нозукиҳои ҳунари қолинбофиро омӯзонанд.
Ёдрас мекунем, ки қабл аз ин як гурӯҳ занон аз вилояти Суғд барои шиносоӣ бо раванди қолинбофӣ дар Эрон аз вилояти Форс боздид карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






