Омодагӣ ҷиҳати гузаронидани мулоқоти Президент бо зиёиён
Душанбе, 10.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки чун анъанаи солҳои қаблӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз дар пойтахт мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат баргузор гардад. Дар робита ба ин барои дар сатҳи баланд гузаронидани мулоқоти Сарвари давлат бо зиёиёни ҷумҳурӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонд. Тибқи он нақшаи чорабиниҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо зиёиён тасдиқ мешавад. Дар асоси ин қарор раиси шаҳр ба муовинонаш, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи пойтахт дастур додааст, ки барои амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои мушаххас андешанд.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова вогузор гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






