Омодагӣ ба ҷашни Артиши миллӣ дар Бадахшон

Февраль 13, 2014 10:48

Хоруғ, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар қисми низомии зудамали 01123, мустақар дар шаҳри Хоруғ бо мақсади боло бурдани руҳия ва иродаи  сарбозон ва истиқболи сазовор  аз Рӯзи Артиши миллӣ машқҳои низомию тактикӣ ва маҳфилҳои гуногуни маърифатию ватанпарастӣ баргузор мешаванд.
         Қумондони ин қисми низомӣ Изатулло Исматуллоев гуфт, ки: «Қисми низомии 01123 яке аз қисмҳои нахустини Вазорати дифоъ аст, ки дар қаламрави вилоят ба адои хизмат оғоз намуд. Бо гузашти айём ва бо дастгирии бевоситаи Вазорати дифоъ, ҷаҳду талошҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  шароити  хизмат беҳтар гардида, ҳомиёни Ватан дар мавриди омодагии низомӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз рӯи барномаҳои таълимӣ дарсҳои  назариявӣ гузаронида шуда, ба машқҳои тактикӣ низ аҳамияти лозимӣ равона мегардад». 
Ҳаёти сарбозиро бе гузаронидани машқҳои амалӣ тасаввур  кардан номумкин аст. Омӯхтани нозукиҳои  ҳаёти сарбозӣ барои адои хизмати минбаъда замина мегузорад.  Дар қисми низомӣ намояндагони шаҳру навоҳии мамлакат паҳлӯ ба паҳлӯ истода, барои тахкими  фазои тинҷу ором ва босуботи кишвар талош меварзанд.
      Ба гуфтаи Изатулло Исматуллоев дар рӯзҳои наздик мулоқоти сарбозон бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва сарбозони интернатсионалист баргузор мегардад.  
 

Февраль 13, 2014 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд