Омодагӣ ба ҷашнвораи Ғалаба дар ЧБВ
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи тадбирҳои тайёрӣ ба таҷлили 70 – умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании соли 1941 – 1945 дар пойтахти Тоҷикстонро тасдиқ намуд. Дар ин бора аз маъмурияти шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи ин нақша, 9 майи соли 2015 дар боғи Ғалаба расми гузашти ҳарбиён, роҳандозии чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҳамаи боғу хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон, ҳамчунин маросимҳои гулгузорӣ дар майдони Ғалаба ва консерти идона пешбинӣ шудааст.Аз 3 то 9 майи соли 2015 дар муассисаҳои таҳсилотии пойтахт «Ҳафтаи ёдбуд» баргузор мешавад. Ҳамчунин спартакиадаҳои гуногун ва фестивалҳои мусиқӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми сол дар пойтахти Тоҷикистон Хонаи собиқадорон сохта ва мавриди истифода қарор гирифта, ҳайкалу муҷассамаҳои собиқадорони ҷанг барқарору обод карда мешаванд. Дар робита бо ин, ба роҳбарони чор ноҳияи пойтахти Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки барои дар осоишгоҳу муассисаҳои дигари муолиҷавии кишвар табобат шудани собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба онҳо расонидани ёрии зарурӣ чора бинанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






