Омодагиҳо ба пешвози Наврӯз
Айнӣ, 26.02.2014.(АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ фаъолияти ҳамарӯзаи худро дар асоси худидораи ноҳия ва деҳот ба роҳ монда, дар ободонию созандагӣ саъю талош мекунанд. Аҳли ҷамоати деҳот оид ба амалӣ гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёдеро анҷом дода, аз волидон хоҳиш намуданд, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватандорию накӯкорӣ тарбия намоянд ва онҳоро аз корҳои ношоиста дур созанд.
Ба қавли раиси ҷамоати деҳоти Айнӣ Шоира Бобоева: «Дар ҳудуди ҷамоат 14 маҳалла, 4 хоҷагии деҳқонӣ, 68 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 14 мактаб ҷойгир аст, ки сокинонаш ба ҳашар баромада, масофаи 10 километр каналу ҷӯйборро аз партовпора тоза карда, ба миқдори 500 бех ниҳоли санавбар, 500 бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинониданд».
Аҳли ҷамоати деҳот тасмим гирифтаанд, ки то Наврӯзи оламафрӯз ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаю сояафкан шинонида, маркази ҷамоат ва маҳаллаҳоро кабудизор карда, гулу гулбуттаҳо шинонанд. Алҳол ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба пешвози иди баҳору меҳнат- Наврӯз дар ҳудуди ҷамоат оғоз гардида, сокинони ҷамоат ба шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шурӯъ кардаанд.
То рӯзҳои Наврӯз дар ҳудуди ҷамоат ба ҷои 10 ҳазор бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда 12 ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






