Омодагии бонуҳои футболбози кишвар ба Ҷоми Осиё
Душанбе, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Дастаи мунтахаби бонувони футболбози то 14-солаи Тоҷикистон дар чемпионати минтақавии футболи Осиё, ки аз 20 то 25 марти соли равон дар пойтахти Шри-Ланка баргузор мешавад, ширкат мекунад. Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст, бонуҳои футболбози тоҷик бо дастаҳои мунтахаби Шри-Ланка, Бутан, Ҳиндустон, Эрон ва Непал дидор анҷом хоҳанд дод. Тими бонувони то 14-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии мураббӣ Сулаймон Бобокалонов ба мусобиқаи мазкур омодагӣ мебинад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






