Омодагии Маскав ба ҷашни «Наврӯз-2014»

Февраль 13, 2014 11:06

Душанбе, 13.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 22 марти соли равон дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия  Иди Наврӯз-2014, ки аз ҷониби ҳукумати Маскав маблағгузорӣ мегардад, ҷашн гирифта мешавад. Он дар Лужники, дар  толори консертии «Россия» баргузор хоҳад гашт. «Дар он намояндагони ҳамаи ҳалқият ва миллатҳои Русия, ки Наврӯзро ҳамчун иди миллии худ мешуморанд, иштирок хоҳанд кард»,- гуфт намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод. 
Ба қавли сарчашма, ҳамаи иштирокчиён дар ин рӯз барномаи консертӣ нишон дода, дар ҷойҳои махсус ҷудошуда  маҳсулоти косибон ва намунаҳои санъати амалӣ, аз ҷумла таомҳои миллиашонро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт.  
Чун ҳарвақта Тоҷикистон ният дорад дар баргузории ин ҷашн  саҳми худро гузорад.  Сафири ҶТ дар ФР Абдулмаҷид Достиев дипломатҳоро вазифадор кард, ки тамоми қувваро  барои муарифии сазовори Тоҷикистон равона созанд. Барои ин ҳамаи кормандони намояндагии вазорату идораҳои Тоҷикистон дар ФР,  фаъолони ҷамъиятҳо ва донишҷӯён  ҷалб хоҳанд гашт.  Дар айни ҳол масъалаи даъвати ҳунармандон аз Тоҷикистон баррасӣ мегардад. Ҳунармандон дар ин ҷашн бояд фарҳанги миллии моро ба меҳмонон намоиш диҳанд,- хабар дод М.Эгамзод. 
«Сафорати ҶТ дар ФР корҳои назаррасро дар ин самт бурда истодааст ва умед дорад, ки бо дастгирии сохторҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати фарҳанги ҶТ ва ВАО-и ватанӣ, имсол  Тоҷикистон дар Иди умумишаҳрии Маскав «Наврӯз-2014»  ба таври сазовор муаррифӣ мегардад»,- изҳори умед кард  дипломати тоҷик. 
Ҷашни ҳамасолаи Наврӯз дар Русия  метавонад имкони хубе барои эҷоди имиҷи мусбат  ва тарғиби анъанаву фарҳанг ва расму русуми  миллии халқӣ тоҷик гардад. Мо бояд ин имкониятро аз даст надода, онро самаранок ва мақсаднок истифода намоем»,-гуфт М.Эгамзод. 

Февраль 13, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад