Ошкор кардани ҳолати кӯдакфурӯшӣ дар Ваҳдат

Февраль 1, 2014 11:11

Душанбе, 1.02.14 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ноҳияи Ваҳдат як ҳолати кӯдакфурӯширо ошкор намуда ва кӯдакро ба модараш баргардониданд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Ваҳдат муайян карда шуд, ки  шаҳрванд Шаҳло Мирзоева, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 06-уми январи соли равон дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт бо маслиҳати пешакӣ кӯдаки навзоди шаҳрванд Қ.Н., соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдатро ба маблағи 2000 рубли Федератсияи Русия ба шаҳрванд Рӯзигул Қурбоноваи  49- солаи  сокини шаҳри Душанбе фурӯхтааст. Тифли навзод ба модараш баргардонида шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.  
 
 
 

Февраль 1, 2014 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад