Ошкор кардани ҳолати кӯдакфурӯшӣ дар Ваҳдат
Душанбе, 1.02.14 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ноҳияи Ваҳдат як ҳолати кӯдакфурӯширо ошкор намуда ва кӯдакро ба модараш баргардониданд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияи Ваҳдат муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шаҳло Мирзоева, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 06-уми январи соли равон дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт бо маслиҳати пешакӣ кӯдаки навзоди шаҳрванд Қ.Н., соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Ваҳдатро ба маблағи 2000 рубли Федератсияи Русия ба шаҳрванд Рӯзигул Қурбоноваи 49- солаи сокини шаҳри Душанбе фурӯхтааст. Тифли навзод ба модараш баргардонида шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






